ғундоштан

ғундоштан
[غنداشتن]
1. ҷамъ кардан, гирд овардан; бору бунаро ғундоштан чизу чораро тӯб карда баста мондан (бо мақсади тайёрӣ ба кӯчидан); дастархонро ғундоштан суфраро ҷамъ карда бурдан; маълумот ғундоштан сарчашмаҳоро ҷустуҷӯ карда маълумот гирд овардан; ҷогаҳро ғундоштан бистару болини рахти хобро ҷамъ карда бурдан; рахти хобро ба тартиб андохтан
2. (даравида, канда ё чида) ҷамъоварӣ кардан, ғунучин кардан: ғалла(ро) ғундоштан, пахта(ро) ғундоштан, ҳосил(ро) ғундоштан, мавсими ғундоштани ҳосилот буд
3. гирифта ё қабул карда дар як ҷо ҷамъ кардан, ғун кардан, тӯб кардан (-и чизе); андӯхтан: пул ғундоштан, ҳаққи узвият ғундоштан, фитри рӯзаро ғундоштан
4. маҷ. тамом кардан, қатъ кардан кореро; ба як сӯ гузоштан; дӯконро ғундоштан хотима додан ба кор дар дӯкон; дӯкондориро бас кардан;

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем написать реферат

Смотреть что такое "ғундоштан" в других словарях:

  • ғун — [غن] ҷамъшуда, гирдомада; ғун кардан а) ҷамъ кардан, дар як ҷо тӯб кардан; б) ҷамъ овардан, дар як ҷо гирд кардан( и одамон…); в) ғундоштан, ғунучин кардан, ҷамъоварӣ кардан( и ҳосили чизе); ғун шудан тарзи мафъулии ғун кардан; ҷамъ омадан,… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ғундор — [غندار] асоси замони ҳозира аз ғундоштан; ҷамъ кардан; ғундор ғундор тез ғундоштан, ҷамъоварии босуръат …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • бардоштан — [برداشتن] 1. боло (баланд) кардан (чизеро аз замин); пардаро бардоштан пардаро кушодан (боз кардан); сар бардоштан а) сар боло кардан; б) маҷ. ба по хестан, шӯридан, исён кардан 2. нигоҳ доштан, қуввати нигоҳдорӣ доштан 3. ба даст гирифтан;… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ғалла — [غلّه] а. ҳосили киштҳои донадор аз қабили гандум, ҷав, ҷуворӣ ва ғ. ; кишти ғалла, зироати ғалладона: анбори ғалла, дарави ғалла, зироати ғалла; ғаллаву дона ниг. ғалладона; ғалла бардоштан ҳосили кишти ғалларо ғундоштан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ғундоранда — [غندارنده] 1. сифати феълии замони ҳозира аз ғундоштан 2. ҷамъкунанда, гирдоваранда …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ғундошта — [غنداشته] сифати феълии замони гузашта аз ғундоштан; ҷамъкарда, андӯхта; ғундошта гирифтан ҷамъ овардан, чида гирифтан; ғундошта мондан ба як сӯ гузоштан (чизеро); қатъ кардан, бас кардан (кореро), хотима додан ба коре; лабро ғундошта… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ғӯзапоя — [غوزه پايه] 1. ниҳоли пахта, бехи ғӯза 2. пояҳои ғӯза (пахта), ки ҳосилаш ғундошта шудааст, пунбачӯб: ғӯзапоя кандан, ғӯзапоя ғундоштан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ғӯзапояғундорӣ — [غوزه پايه غنداري] исми амал аз ғӯзапоя ғундоштан; ҷамъ карда гирифтани пояҳои ғӯзаи ҳосилаш ғундошташуда …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • дарчидан — [درچيدن] барчидан, ғундоштан ◊ доман дарчидан аз чизе даст кашидан чизеро тарк кардан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • лаблабуғундорӣ — [لبلبوغنداري] исми амал аз лаблабу ғундоштан; кандану ҷамъ овардани ҳосили лаблабу: мавсими лаблабуғундорӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»